Соли равон ба Тоҷикистон аз ҳама зиёд Чин ва Ӯзбекистон кумаки башардӯстона расонидаанд

Декабрь 2, 2020 13:10

ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имсол 58 давлати ҷаҳон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 16 ҳазору 952 тонна ба маблағи 38 миллиону 212,3 ҳазор доллари амрикоӣ ёрии  башардӯстона расондаанд. Дар ин бора Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар раддабандии расонидани  кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон ду кишвари ҳамҷавор -Чин бо 42,2 фоиз ва Ӯзбекистон 10,8 фоиз саҳми назаррас гузоштаанд.

Ҳамзамон дигар кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Туркия 10,3 фоиз, Ҳиндустон 8,2 фоиз, Россия 6,1 фоиз, Қазоқистон 4,9 фоиз, Дания 2,1 фоиз ва Нидерланд, Финляндия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Германия, Белгия, Полша ва Камбоҷа беш аз 1-фоизӣ ба Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона фиристонидаанд.

Кумакҳои башардӯстонае, ки соли равон аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон расонида шуданд, асосан аз дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ, орди гандум ва дигар маҳсулоти тайёр, аз ҷумла либосворӣ иборатанд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 2, 2020 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Вашингтон мизи мудаввари сатҳи баланди соҳибкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид
Дар шаҳри Даҳва ҷалби маблағгузории Қатарӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифтанд
Кишоварзони вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро пурра иҷро намуданд
Шурои машваратии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид
Ҳаҷми маблағгузории иқлимӣ барои кишварҳои дар ҳоли рушд ҷиҳати татбиқи 22 лоиҳа тасдиқ гардид
Дар Суғд ба 60 нафар занони ҳунарманд гранти Раиси вилоят супорида шуд
Тоҷикистон ва Қатар роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданиро баррасӣ карданд
Дар Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир беш аз чор миллион ҷойи кор таъсис ва барқарор гардидааст
Дар Душанбе Муколамаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «80 миллион нафар, 5 кишвар, 1 овоз» доир гардид
Дар Форуми байналмилалии «Хатлон инвест-2025» байни ширкату корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи умумии солонаи аъзоёни Шабакаи байниидоравии Камден иштирок намуд