«Сомон Эйр» ба шаҳри Минск 10 парвози махсус анҷом медиҳад

Декабрь 2, 2020 10:22

ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» моҳи декабри соли равон дар масири Душанбе-Минск-Душанбе иҷрои 10 парвози махсусро ба нақша гирифтааст.

Ширкати «Сомон Эйр» ба диққати мусофироне, ки мехоҳанд озими Ҷумҳурии Беларус гарданд, мерасонад, ки мутобиқи Қарори Шӯрои вазирони Беларус қоидаҳои зерини вуруд ба ин кишвар ва убури қаламрави он (транзит) амал мекунанд. Аз ҷумла, шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми убури марз бояд бо худ нусхаи аслии маълумотномаи тиббии гирифтор набудан ба COVID-19-ро (PCR-тест) бо забонҳои русӣ, беларусӣ ва ё англисӣ дошта бошанд. Натиҷаи PCR-тест бояд на дертар аз 72 соат қабл аз убури марзи давлатии Беларус омода шуда бошад. Матни пурраи Қарори №591 дар сомонаи расмии Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Беларус ҷой дода шудааст, иттилоъ медиҳад сарчашма.

Мусофироне, ки тариқи Минск парвозҳои транзитӣ анҷом медиҳанд, бояд бо худ чиптаи нуқтаи ниҳоии сафар ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (натиҷаи манфии PCR-тест)-ро дошта бошанд. Маълумоти навин оид ба тадбирҳои миллии пешгирикунандаи паҳншавии COVID-19-ро метавон дар сомонаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Беларус дарёфт кард. Маълумот оид ба тадбирҳои пешгирикунандаи хуруҷи вируси COVID-19 дар фурудгоҳи Минск дар сомонаи фурудгоҳи миллии Минск дастрас мебошад. Маълумоти муфассал дар сомонаи http://tajikistan.mfa.gov.by дарҷ гардидааст.

Тибқи талабот, кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Мувофиқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусофирони ба Тоҷикистон воридшаванда бояд бо худ маълумотномаи мубтало набудан ба COVID-19 — натиҷаи манфии PCR-тестро, ки давоми 72 соат қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Декабрь 2, 2020 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид