ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, якшанбе, 348-умин рӯзи соли 2020 аст
13 декабри соли 2001 дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон санади «Аввалин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон» оид ба ҳамкорӣ миёни Ҳиндустону Тоҷикистон дар самтҳои савдо, энергетика ва илму техника ба имзо расид.
***
7 сол пеш, 13 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дувоздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 12-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор шуд.
13 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Малта – Рӯзи ҷумҳурӣ.
РӮЙДОДҲО:
13 декабри соли 2011 дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ консерти ансамбли фолклории «Яр» ва гурӯҳи рақсии «La Nati Flamenco»-и Федератсияи Россия баргузор гардид.
***
13 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе масъалаи муосиртарин ҷанбаи назорати тадбирҳои пешгирии бемории ишемияи дил дар Ҷумҳурии Точикистонро муҳокима намуданд.
***
7 сол пеш, 13 декабри соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе масъалаи рушди соҳибкории иҷтимоӣ ва ҷамоати шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ муҳокима карда шуд.
***
13 декабри соли 2017 собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, ки дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия таҳти унвони «Амали ягона баҳри ҳамбастагӣ бо Байтулмуқаддас» баргузор гардид, суханронӣ намуда буд.
***
Дар ин рӯзи соли 1959 СММ қарор қабул намуд, ки дар ҳалли масъалаҳои Алҷазоир ҳамроҳ намешавад.
***
13 декабри соли 1982 бар асари заминларза дар Яман зиёда аз 3000 нафар ба ҳалокат расиданд.
***
39 сол муқаддам, 13 декабри соли 1981 дар Полша вазъияти ҳарбӣ эълон карда шуда, 22 июли соли 1983 бекор гардид.
***
13 декабри соли 1989 Ҳизби Либерал-демократии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2010 дар шаҳри Брюссел ҷаласаи якуми Шӯро оид ба ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.