ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 декабр, сешанбе, 364-умин рӯзи соли 2020 аст

Декабрь 29, 2020 08:00

29 декабри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Литсей-интернати махсуси касбии маъюбони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташриф оварда, бо шароити намунавии он, ки зимни тармиму навсозии асосӣ муҳайё гаштааст, аз наздик шинос шуда,  бо тарбиятгирандагони он суҳбатҳои ҷолиб анҷом доданд.

***

8 сол пеш, 29 декабри соли 2012 Президенти мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»-ро ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани соли 2018 фармон ба имзо расониданд.

29 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Муғулистон – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Ирландия – Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли  2014 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024» қабул намуд.

***

29 декабри соли 2009 дар шаҳри Турсунзода маросими ботантанаи супоридани медалҳои ҷашнии «20 солагии баровардани низомиёни Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон» баргузор гардид, ки дар он 30 нафар иштирокчиёни муҳорибаҳои  Афғонистон – аъзои Иттифоқи собиқадорон ва интернатсионалистони Тоҷикистон иштирок намуданд.

***

50 сол муқаддам, 29 декабри соли 1970 барои назорати шароити меҳнат дар ИМА идораи ҳифзи меҳнат ташкил карда шуд.

***

29 декабри соли 1991 дар Ӯзбекистон барои ба даст овардани истиқлолият раъйпурсӣ гузаронида шуд. Инчунин дар ин рӯз интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1991, 99 фоизи аҳолии Озарбойҷон дар раъйпурсӣ барои ба даст овардани истиқлолият овоз доданд.

***

29 декабри соли 1993 Конвенсияи гуногунии биологӣ ба ҳукми амал даромад.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 1982 дар Ямайка аввалин маротиба маркаи почтавӣ ба истифода дода шуд.

Декабрь 29, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш