ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, сешанбе, 338-умин рӯзи соли 2020 аст

Декабрь 3, 2020 08:00

3 декабри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин сафари расмӣ ба Франсия рафтанд.

***

11 сол пеш, 3 декабри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» қабул гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони моҳномаи «Вашингтон дипломат»-и Иёлоти Муттаҳидаи Америка мусоҳиба оростанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои сершумори хабарнигорони америкоӣ оид ба нақши Тоҷикистон дар таъмини амнияту субот дар минтақа, пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои аз Афғонистон сарчашмагиранда, рафъи мушкилот дар роҳи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат, истифодаи босамар аз захираҳои фаровони табиӣ ва татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон посух доданд.

3 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии маъюбон.

***

Дар Беларус – Рӯзи ҳуқуқшиносон.

РӮЙДОДҲО:

3 декабри соли 2009 созишномаи ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, воситаҳои фалаҷкунандаи асаб ва ашёи хоми онҳо ба имзо расид.

***

3 декабри соли 2010 дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва хазинаи нуфуси СММ баррасӣ гардиданд.

***

245 сол муқаддам, 3 декабри соли 1775 аввалин маротиба парчами ИМА парафшон шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1892 дар Канада департаменти савдо ва тиҷорат таъсис ёфт.

 ***

3 декабри соли 1959 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон киштии атомии яхшикани «Ленин» ба истифода дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018 дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол дар даври ниҳоии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бар дастаи Афғонистон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда, сазовори медали биринҷӣ гардид.

***

Соли 1967 дар Африқои Ҷанубӣ ҷарроҳ Кристиан Барнард аввалин маротиба дили як нафарро ба нафари дигар гузаронид.

Декабрь 3, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш