ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 декабр, панҷшанбе, охирин рӯзи соли 2020 аст

Декабрь 31, 2020 08:00

31 декабри соли 2008  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти  Федератсияи Россия Дмитрий Медведев гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд. Сарони давлатҳо якдигарро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, ба сатҳи ҳамкории гуногунҷанбаи миёни ду кишвар баҳои баланд доданд.

***

95 сол муқаддам, 31  декабри  соли  1925 бо қарори  ҳайати раёсати Кумитаи  инқилобии Ҷумҳурии худмухтори  шӯравии  сотсиалистии Тоҷикистон шуъбаи  ТАСС  (Агентии телеграфии  Иттиҳоди  Шӯравӣ)  дар  Тоҷикистон таъсис  ёфта  буд,  ки баъдан шуъба  мақоми Агентии телеграфии  Тоҷикистон (ТоҷикТА)-ро касб  намуд. Ҳоло ТоҷикТА ба Агентии миллии иттилоотии Точикистон «Ховар» -и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйири ном карда, ҳамчун манбаи расмии иттилоотии Тоҷикистон шинохта шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид.

31 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҷумҳурии Қирғизистон – Рӯзи кормандони хадамоти гумрук.

 ***

Рӯзи ҳамраъйии озарбойҷониёни тамоми ҷаҳон.

 РӮЙДОДҲО:

31 декабри соли 2009 мулоқот ва намоишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистону Дубай доир шуд.

 ***

31 декабри соли 1958  Соли байналмилалии геофизикӣ, ки 1 июли соли 1957 оғоз гардида буд, ба анҷом расид.

 ***

60 сол муқаддам, 31 декабри соли 1960 Куба аз Шӯрои амнияти СММ талаб кард, ки  шикояташро дар бораи аз ҷониби ИМА мавриди зӯроварӣ қарор гирифтан дида барояд.

 ***

Дар ин рӯзи соли 1968 аввалин маротиба дар ҷаҳон парвози санҷишии ҳавопаймои Ту-144 амалӣ карда шуд.

 ***

31 декабри соли 1998 дар Россия аввалин маротиба хати телефони байнишаҳрии Санкт-Петербург-Москва ба роҳ монда шуд. Маҳз дар Россия хати телефоние пайдо шуд, ки он замон дар тамоми Аврупо дарозтарин меҳсуб меёфт.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе аввалин ҷаласаи муштараки Комиссия оид ба сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид.

***

Соли 1986  хурдтарин иттифоқи касаба дар ҷаҳон — истеҳсолкунандаи ҷилд ва девораҳо барои маснуоти заргарӣ (дар ҳайаташ як нафар буд) бекор карда шуд.

Декабрь 31, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, панҷшанбе, 333-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, чоршанбе, 332-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, сешанбе, 331-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, душанбе, 330-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, якшанбе, 329-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, шанбе, 328-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст