ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, якшанбе, 341-умин рӯзи соли 2020 аст
6 декабри соли 2011 дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду бинои Шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сил баъди тармиму навсозии асосӣ ва муҷаҳҳазшавӣ бо навтарин техникаю таҷҳизоти ташхису табобат аз нав ба истифода дода шуданд.
***
6 декабри соли 2015 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи томактабии хусусии «Зебуниссо» — ро ифтитоҳ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 дар беҳтарин минтақаи истироҳату саёҳатии Ҳисор — дараи Алмосӣ Академияи футболи дастаи «Истиқлол» ифтитоҳ ёфт.
6 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Финландия- Рӯзи истиқлол.
***
Дар Қазоқистон – Рӯзи кормандони прокуратура.
***
Дар Озарбойҷон – Рӯзи командони Вазорати алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ.
РӮЙДОДҲО:
6 декабри соли 2007 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бизнес-форуми Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор гардид.
***
6 декабри соли 2010 дар шаҳри Душанбе миёни вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
5 сол пеш, 6 декабри соли 2015 дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои боҳашамати Маркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии «Ҳаёт» ифтитоҳ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе масоили дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНЕСКО муҳокима карда шуд.
***
6 декабри соли 2018 дар шаҳри Милани Италия вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Руминия нақшаи амал оид ба ҳамкорӣ барои солҳои 2019-2020-ро ба имзо расониданд.
***
6 декабри соли 1929 дар Туркия ба занон ҳуқуқи овоздиҳӣ дода шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Ҷазираҳои Баҳама Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ ба имзо расид.
***
Соли 1923 аввалин шумораи рӯзномаи «Вечерняя Москва» нашр шуд.