ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, душанбе, 342-умин рӯзи соли 2020 аст

Декабрь 7, 2020 08:00

7 декабри соли 2005  бо иштироки Сарони давлат ва ҳукуматҳои 54 кишвари олам, аз ҷумла Тоҷикистон дар шаҳри Маккаи Мукаррамаи мамлакати Арабистони Саудӣ иҷлосияи фавқулодаи Созмони Конфронси Исломӣ баргузор гардид. Дар хотимаи мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони мазкур санади ниҳоии он бо номи рамзии «Баёнияи Макка» қабул гашт.

***

8 сол пеш, 7 декабри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба масъалаи дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он ба шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария сафар карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 аввалин маротиба хатсайри нави «Душанбе–Оренбург–Душанбе» ба роҳ монда шуд.

 7 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон — Рӯзи кормандони мақомоти молия.

***

Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ.

***

Дар Арманистон – Рӯзи ёдбуди қурбониёни бар асари заминларза ҳалокгардида.

 РӮЙДОДҲО:

7 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе рӯнамоии филми ҳуҷҷатии «Тоҷикистон -муқобили маводи мухаддир» баргузор гардид.

***

7 декабри соли 2012 дар Муассисаи давлатии «Маркази худогоҳии бонувони шаҳри Душанбе» -и назди ҳукумати шаҳри Душанбе консерти «Душанбе – шаҳри амн ва дӯстдоштанӣ» доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 ҳайати расмии Тоҷикистон бо гурӯҳи калони соҳибкорони соҳаи тибби Арабистони Саудӣ мулоқот ва вазъи ҳамкории дуҷонибаи соҳавиро баррасӣ намуд.

***

7 декабри соли 2018 дар Душанбе машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардиданд.

***

105 сол муқаддам, 7 декабри соли 1905 дар Россия сензураи пешакӣ бекор карда шуд.  

***

Дар ин рӯзи соли 1922 Парлумони Ирландияи Шимолӣ ба муқобили  шомилшавӣ  ба ҳайати давлати озоди Ирландия овоз дод.

***

7 декабри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Удмуртия қабул карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1987 дарозтарин ҳолати бозмондани таппиши дили одам ба қайд гирифта шуд, ки он 4 соат тӯл кашид.

***

Соли 2011 дар идораи Минтақаи озоди  иқтисодии «Суғд» ду корхонаи дигар – ҶММ «Зарафшон» ва ҶММ «Равзана Пластик» ба қайд гирифта шуданд.

Декабрь 7, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш