Соли 2021 дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи вирусология ва эпидемиология таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 29.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсиси озмоишгоҳи вирусология ва эпидемиология дар назар дошта шудааст.
Тавре Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Академияи миллии илмҳо дар самти омода кардани мутахассисони соҳаи вирусология ва эпидемиология бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Чин ва Академияи миллии илмҳои Белорус созишнома бастааст, ки баробари кушода шудани роҳҳо курсҳои омӯзишӣ дар шаҳрҳои Минск ва Пекин оғоз гардида, мутахасисон ба онҷо равон карда мешаванд.
«Имрӯз дар ҷумҳурӣ бе доштани чунин озмоишгоҳҳо ихтироъ ва истеҳсоли маводи доруворӣ бар зидди коронавируси COVID-19 ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, сараввал Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мекӯшад, ки мутахассисон дар пояи ин муассисаҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ коромӯзӣ намуда, тадқиқот баранд ва баъдан чунин озмоишгоҳҳо таъсис дода шаванд»,- афзуд Фарҳод Раҳимӣ.
Ба зикри номбурда имрӯз барои таъсиси озмоишгоҳ имконияти молиявӣ мавҷуд мебошад.








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






