Соли 2021 дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи вирусология ва эпидемиология таъсис дода мешавад

Декабрь 29, 2020 16:28

ДУШАНБЕ, 29.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2021 дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсиси озмоишгоҳи вирусология ва эпидемиология дар назар дошта шудааст.

Тавре Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Академияи миллии илмҳо дар самти омода кардани мутахассисони соҳаи вирусология ва эпидемиология бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Чин ва Академияи миллии илмҳои Белорус созишнома бастааст, ки баробари  кушода  шудани роҳҳо  курсҳои омӯзишӣ дар шаҳрҳои Минск ва Пекин оғоз гардида, мутахасисон ба онҷо равон карда мешаванд.

«Имрӯз дар ҷумҳурӣ бе доштани чунин озмоишгоҳҳо  ихтироъ ва истеҳсоли маводи доруворӣ бар зидди коронавируси COVID-19 ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, сараввал Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мекӯшад, ки мутахассисон дар пояи ин муассисаҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ коромӯзӣ намуда, тадқиқот баранд ва баъдан чунин озмоишгоҳҳо  таъсис дода шаванд»,- афзуд Фарҳод Раҳимӣ.

Ба зикри номбурда имрӯз барои таъсиси озмоишгоҳ имконияти молиявӣ мавҷуд мебошад.

Декабрь 29, 2020 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд