Варзишгарони навраси Шуғнон барои ғолибият дар мусобиқаи каратэ киокушинкай аз ҷониби роҳбарияти ноҳия қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 17.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони навраси ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди каратэ киокушинкай ширкат варзида, соҳиби 11 медал, аз ҷумла 4 медали тилло, 3 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Ба ин муносибат имрӯз раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода бо ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди каратэ киокушинкай вохӯрӣ намуд. Раиси ноҳия шогирдон ва устодони мактаби варзишии ноҳияро барои нишондоди назаррасашон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва ба даст овардани 11 медал табрик намуда, ба ғолибон ва мурабии онҳо Шaҳаншо Муносибшоев “Ифтихорнома”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро супорид.
Дар анҷоми вохӯрӣ Ҷумъа Ҷумъазода ба ғолибон барои дар оянда ба зинаҳои баландтар расидан муваффақияту комёбӣ таманно намуд.








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






