Варзишгарони навраси Шуғнон барои ғолибият дар мусобиқаи каратэ киокушинкай аз ҷониби роҳбарияти ноҳия қадрдонӣ шуданд

Декабрь 17, 2020 13:16

ДУШАНБЕ, 17.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони навраси  ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди каратэ киокушинкай ширкат варзида, соҳиби 11 медал,  аз ҷумла 4 медали тилло, 3 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Ба ин муносибат имрӯз  раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода бо ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди каратэ киокушинкай вохӯрӣ намуд. Раиси ноҳия шогирдон ва устодони мактаби варзишии ноҳияро барои нишондоди  назаррасашон   дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва ба даст овардани 11 медал  табрик намуда, ба ғолибон ва мурабии онҳо Шaҳаншо Муносибшоев “Ифтихорнома”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро  супорид.

Дар анҷоми вохӯрӣ Ҷумъа Ҷумъазода ба ғолибон  барои дар оянда ба зинаҳои баландтар расидан муваффақияту комёбӣ  таманно намуд.

Декабрь 17, 2020 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОНИ ОФТОБРӮЯ ВА ДӮСТДОШТАНӢ. Таассуроти меҳмонони хориҷӣ пас аз тамошои мавзеъҳои ҷолиби мамлакат
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Барои таъсиси Маркази миллии таълимии гузаштани зинаи магистратура дар соҳаи физикаи тиббӣ Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Ҷанг Вон Сам: «Ҳукумати Ҷумҳурии Корея дар оянда низ ҳамкориро бо Тоҷикистон тақвият мебахшад»
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи таъсири хатари офатҳои табиӣ ба шахсони маъюб баррасӣ гардид
Ҳамкории Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Тоҷикистон бо ширкати «Радметрон»-и Беларус тақвият меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
«МЕРОСИ ХАТТИИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар «Қалъаи Хуҷанд» намоиши нусхаҳои нодири дастнависҳо ифтитоҳ ёфт
Дар Хоруғ ғолибони даври шаҳрии Фестивал-озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ қадрдонӣ шуданд