Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо фаъолияти шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат шинос шуд

Декабрь 10, 2020 13:25

ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ  «Ховар»/. 9 декабр Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо  фаъолияти  шуъбаи таваллуди  Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат шинос шуда, бо як гурӯҳ наздикону пайвандони беморон гуфтугӯи озод анҷом дода, аз онҳо  вазъи хизматрасонии тиббӣ ва муносибати табибонро  пурсон шуд. Дар ин бора  аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ зимни боздид аз фаъолияти  шуъбаи мазкур  зикр намуд, ки хизматрасонии босифати тиббӣ ба модарону кӯдакон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба шумор рафта, дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани  хизматрасонии  тиббӣ ба модарону кӯдакон ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулини беморхонаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки  роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии мамлакат гаштҳои шабона ва рӯзона ба роҳ мондаанд.

Декабрь 10, 2020 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд