Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба ятимони кулл ва бепарастони ноҳияи Панҷ кумак намуд
ДУШАНБЕ, 31.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ятимони кулл ва бепарастони ноҳияи Панҷ кумак намуд. Кумаки мазкур аз либосҳои гарм ва маҳсулоти ғизо, аз ҷумла 38 халта орд, 190 кг шакар, 190 кг биринҷ, 114 литр равған ва 18 дона болопӯши зимистона иборат буд.
Тавре аз Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода баъди супоридани туҳфаҳои солинавӣ, кӯдакони ятими кулл ва бепарасторони ноҳияро бо фарорасии соли нави 2021 аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ шодбош гуфта, некӯаҳволӣ, бахту пирӯзиҳо, зиндагонии босаодат ва толеи баланди онҳоро орзу намуд.
Номбурда зикр кард, ки «ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ Шумо бояд бо баҳои хубу аъло хонда, баҳри мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон шудан аз имрӯз саъю талош намоед».








Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд






