Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба ятимони кулл ва бепарастони ноҳияи Панҷ кумак намуд

Декабрь 31, 2020 14:33

ДУШАНБЕ, 31.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ  ба ятимони кулл ва бепарастони ноҳияи Панҷ кумак намуд. Кумаки мазкур аз либосҳои гарм ва маҳсулоти ғизо,   аз ҷумла 38 халта орд, 190 кг шакар, 190 кг биринҷ, 114 литр равған ва 18 дона болопӯши  зимистона  иборат буд.

Тавре аз Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода баъди супоридани туҳфаҳои солинавӣ,  кӯдакони ятими кулл ва бепарасторони ноҳияро бо фарорасии соли нави 2021 аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ шодбош гуфта, некӯаҳволӣ, бахту пирӯзиҳо, зиндагонии босаодат ва толеи баланди онҳоро  орзу намуд.

Номбурда зикр кард, ки «ҷавобан ба ин ғамхориҳои   Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ Шумо бояд бо баҳои  хубу аъло хонда, баҳри мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон шудан аз имрӯз саъю талош намоед».

Декабрь 31, 2020 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд