СУРАТ-ДАЛЕЛ. Натиҷаҳои Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» исбот намуданд, ки мардуми тоҷик чун дар гузашта китобдору китобхонанд
ДУШАНБЕ, 22.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» исбот намуд, ки мардуми тоҷик дар ҳақиқат мисли гузаштаи хеш китобдору китобхонанд. Соли ҷорӣ Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11 аз шаҳри Панҷакент дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соҳиби «Шоҳҷоиза» гардид. Ин духтараки яке аз рустоҳои дурдасти Тоҷикистон бо доштани завқи баланди бадеӣ, ифодаи озоди афкор, дар баробари дар сатҳи олӣ донистани забони тоҷикӣ, донистани хуби забонҳои русию англисӣ ва хондану аз бар кардани шумораи зиёди кито на танҳо ҳайати ҳакамони озмун, балки тамоми сокинони мамлакатро бо маҳорати хеш ба ваҷд овард.
Маврид ба зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол маротибаи дуюм баргузор шуд ва ҳадафи асосии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа аст.









Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд






