СУРАТ-ДАЛЕЛ. Натиҷаҳои Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» исбот намуданд, ки мардуми тоҷик чун дар гузашта китобдору китобхонанд

Декабрь 22, 2020 16:32

ДУШАНБЕ, 22.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» исбот намуд, ки мардуми тоҷик дар ҳақиқат мисли гузаштаи хеш китобдору китобхонанд. Соли ҷорӣ Раъно Насриддинова,  хонандаи синфи 11 аз шаҳри Панҷакент дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соҳиби «Шоҳҷоиза» гардид. Ин духтараки яке аз рустоҳои дурдасти Тоҷикистон бо доштани завқи баланди бадеӣ, ифодаи озоди афкор, дар баробари дар сатҳи олӣ донистани забони тоҷикӣ, донистани хуби забонҳои русию англисӣ ва хондану аз бар кардани шумораи зиёди кито  на танҳо ҳайати ҳакамони озмун, балки тамоми сокинони мамлакатро бо маҳорати хеш ба ваҷд овард.

Маврид ба зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  имсол маротибаи дуюм   баргузор шуд ва ҳадафи асосии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа аст.

Декабрь 22, 2020 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд