«ЯК КАМАРБАНД, ЯК РОҲ». Дар доираи ин ташаббус дар Душанбе Конфронси виртуалии сатҳи баланд доир шуд

Декабрь 17, 2020 11:14

ДУШАНБЕ, 17.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе Конфронси виртуалии сатҳи баланд дар доираи Механизми ҳамкорӣ дар соҳаи маъмурикунонии андоз, ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ»  вобаста ба мавзӯи «Пайомадҳои нав, имконияти нав ва ояндаи нави банақшагирии рушди рақамикунонии андоз дар заминаи пандемия» баргузор гардид.

Дар конфронс намояндагони мақомоти фискалӣ, мушоҳидачиён, олимон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ аз 44 давлати дунё ва 14 созмони байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар ин бора аз Раёсати ҳамкории байналмилалии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси мазкур Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ва муовини якуми Раиси Кумита Аюбҷон Солеҳзода ширкат варзиданд.

Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёнро оид ба тадбирҳои пешгирифтаи Кумита ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии пандемияи COVID-19 ба муҳити соҳибкорӣ ва пешгирии паҳншавии минбаъдаи он тавассути пешниҳоди хизматрасониҳои васеи электронӣ шинос намуд.

Ҳамчунин аз ҷониби Кумитаи андоз рӯнамо оид ба “Рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асри рақамӣ” омада гардида, ба иштирокчиён муаррифӣ карда шуд.

Маърӯзачиён ва иштирокчиёни конфронси виртуалӣ изҳор доштанд, ки таъсири COVID-19 васеъ ва тӯлонӣ хоҳад буд, бинобар ин вокуниши қавӣ ва ҳамоҳангсоз дар доираи механизм, ҳамчунин ҳамкории бисёрҷониба бо мақсади рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ташаккули иттиҳоди бо ҳам зич ва ояндаи муштарак дар доираи “Як камарбанд, як роҳ” зарур мебошад.

Ҳамбастагӣ ҷиҳати тақвият додани рушди маъмурикунонии андоз, инфрасохтори андоз, назорати сифат, истифода намудани таҳлилҳои маълумоти калонҳаҷм (Big Data) ва ташаккули механизми идораи маълумоте, ки барои мақомоти андоз қобили қабул аст, аз ҷониби иштирокчиён таъкид  карда шуд.

Дар охир иштирокчиён эломияи муштарак қабул намуда, омодагии худро барои ҳамкории боз ҳам наздик ва табодули маълумот ҷиҳати рушди маъмурикунонии андоз дар давлатҳои аъзои механизм баён намуданд.

Декабрь 17, 2020 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд