Япония барои баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон саҳм мегузорад

Декабрь 8, 2020 15:25

ДУШАНБЕ, 08.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Япония дар соҳаи сайёҳӣ дар мулоқоти  Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо  роҳбари намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) дар Тоҷикистон Такасака Мунео дар Душанбе баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки Ҳукумати Япония тавассути Стипендияи рушди захираҳои инсонии Барномаи кумаки Япония (JDS) барои баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон саҳм мегузорад.

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот мусоҳибон доир ба тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ ибрози назар намуда, ҳавасмандии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкории минбаъда изҳор намуданд.

Декабрь 8, 2020 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд