«Зарби Кӯлоб», — чунин навишта шудааст болои сиккаҳои нав кашфшуда, ки ба асри 16 тааллуқ доранд

Декабрь 10, 2020 09:56

ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сиккашиноси Осорхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илми таърих Давлатхоҷа Довудӣ зарробхонаи (сикказании) Кӯлобро кашф кард.

Донишманди номбурда чанде қабл дар таркиби як ганҷинаи сиккаҳои дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ёфтшуда, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст, сиккаҳоеро пайдо кард, ки дар рӯи онҳо «Зарби Кӯлоб»  навишта шуда, дар пушти онҳо нақш ҷойгир аст.

Давлатхоҷа Довудӣ  дар асоси маълумоти бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ муайян кард, ки сиккаҳо ба асри 16 тааллуқ доранд. Дар асоси бозёфти ин намуд сиккаҳо дар шаҳркадаи Искӯлоб ӯ ба хулосае омадааст, ки сиккаҳо дар ҳамин шаҳр, ки дар асри 16 пойтахти Кӯлоб буд, зада шудаанд.

Тавре Давлатхоҷа Довудӣ мегӯяд, “гап сари он аст, ки дар вилояти Хатлон дар давраи Сомониён дар асри 10, дар давраи Ғазнавиён дар асри 11 ва дар давраи Темуриён дар асри 15 сиккаҳои нуқрагӣ ва мисӣ бароварда мешуданд. Дар ин сиккаҳо номи ин вилоят аввал дар шакли Хуттал ва пасон дар шакли Хуталон навишта шудааст. Ин сиккаҳо дар ҳудуди вилоят ва берун аз он низ ёфт шудаанд. Аммо то имрӯз сиккаҳое ёфт нашуда буданд, ки дар онҳо номи Кӯлоб навишта шуда бошад”.

Кашфи зарробхонаи Кӯлоб дар таърихи сиккашиносии Тоҷикистон ва Осиёи Миёна ва дар таърихи Хатлону шаҳри Кӯлоб саҳифаи нав буда, аз аҳамияти калони илмӣ бархурдор мебошад.

ДАР АКСҲО: Сиккаҳои «Зарби Кӯлоб»

Декабрь 10, 2020 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид