ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ишкошим 31 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 22.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан АМИТ “Ховар” хабар дод, дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 76 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода, ки роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба амалӣ намудани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ишкошим мебошад, аз 14 то 20 январ бо ҷараёни корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ин ноҳия шинос гардид.
Зикр гардид, ки айни замон дар 60 иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ оғоз гардидаанд. Аз 76 иншооти нақшавӣ то охири соли гузашта 31 адади он мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз ҷумла, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ бунёди хонаи истиқоматӣ ва навсозии роҳи марказии ноҳияи Ишкошимро ба анҷом расонид. Бинои филиали БДА “Амонатбонк” дар ноҳияи Ишкошим низ мавриди истифода қарор гирифт. Дар деҳаҳои Вранг ва Зонги ноҳия Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сохтмони биноҳои маркази саломатиро мавриди истифода қарор дод.
Инчунин корҳои сохтмонии бинои комендатураи сарҳадии “Лангар”-и қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, сохтмони бинои варзишгоҳ барои 4000 ҷойи нишаст, бинои хонаи фарҳанг дар деҳаи Лангар, бинои беморхонаи минтақавӣ барои 30 кат дар деҳаи Вранг, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 барои 640 ҷойи нишаст ва ғайраҳо бо маром идома доранд.
Ҳамзамон бо иштироки Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода натиҷаҳои фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим дар соли 2020 натиҷагирӣ гардид.













Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






