ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар маркази ноҳияи Айнӣ Нишон ва Парчами давлатӣ бунёд мегарданд

Январь 23, 2021 09:37

ДУШАНБЕ, 23.01.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Айнӣ сохтмони  Нишон ва Парчами давлатӣ ҷараён дошта, дар назар аст то ҷашни байналмиллалии Наврӯз ба истифода дода шаванд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, майдони Нишон ва Парчам дар хиёбони Рӯдакӣ- маркази ноҳия бунёд гардида,  атрофи он бо тарҳи хосса ороиш ёфта, барои истироҳату фароғати сокинон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Лоиҳаи сохтмони Нишон ва Парчами давлатиро Корхонаи воҳиди давлатии Лоиҳакаш дар вилояти Суғд тарҳрезӣ намуда, он аз ҷониби ширкати «Зарафшон сохтмон» бунёд карда мешавад.

Ҳоло корҳои сохтмонӣ бо суръат ҷараён дошта, сохтмончиён сутунпояи Нишонро, ки 22 метр баландӣ дорад, бунёд намуданд.

Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода аз ҷараёни сохтмони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, ба бинокорон супориш дод, ки нисбат ба бунёди муқаддасоти миллӣ муносибати ҷиддӣ намуда, аз масолеҳи хушсифат истифода баранд.

Гуфта мешавад, ки Парчами давлатӣ бо баландии 47 метр бунёд мегардад.

Январь 23, 2021 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд