ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Хонандагони деҳоти дурдасттарини Ванҷ соҳиби мактаби муосир гардиданд

Январь 1, 2021 10:05

ДУШАНБЕ, 01.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи таърихӣ дар ноҳияи Ванҷ 85  бинои таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд. То ба имрӯз беш аз 60  адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29, ки  дар деҳаи Равгадаи деҳоти «Рованд» бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд, аз ҷумлаи  ин иншооти ҷашнии  ноҳияи Ванҷ маҳсуб мешавад.  Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ иттилоъ медиҳад.

Дар ин муассисаи таълимӣ  тамоми шароити хониш муҳайё буда, хонандагон дар синфҳои замонавӣ ва бо гармӣ таъминбуда, таҳсил менамоянд.

Дар ноҳияи Ванҷ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд зимни татбиқи «Лоиҳаи ҳамгирошудаи такмилдиҳии деҳа, беҳтар намудани сифати зиндагии ҷомеаҳои наздисарҳадии Афғонистон ва Тоҷикистон» дар чандин деҳаҳо оби ошомиданӣ кашида шуд.

Тайи ду соли охир дар ноҳияи Ванҷ бунёдкорӣ суръати тоза касб карда, ба зиёда аз 7 деҳа хати оби нӯшокӣ кашида, муассисаҳои нав, марказҳои хизматрасонӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ бунёд гардиданд.

Январь 1, 2021 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд