ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Хонандагони деҳоти дурдасттарини Ванҷ соҳиби мактаби муосир гардиданд
ДУШАНБЕ, 01.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи таърихӣ дар ноҳияи Ванҷ 85 бинои таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд. То ба имрӯз беш аз 60 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29, ки дар деҳаи Равгадаи деҳоти «Рованд» бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд, аз ҷумлаи ин иншооти ҷашнии ноҳияи Ванҷ маҳсуб мешавад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ иттилоъ медиҳад.
Дар ин муассисаи таълимӣ тамоми шароити хониш муҳайё буда, хонандагон дар синфҳои замонавӣ ва бо гармӣ таъминбуда, таҳсил менамоянд.
Дар ноҳияи Ванҷ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд зимни татбиқи «Лоиҳаи ҳамгирошудаи такмилдиҳии деҳа, беҳтар намудани сифати зиндагии ҷомеаҳои наздисарҳадии Афғонистон ва Тоҷикистон» дар чандин деҳаҳо оби ошомиданӣ кашида шуд.
Тайи ду соли охир дар ноҳияи Ванҷ бунёдкорӣ суръати тоза касб карда, ба зиёда аз 7 деҳа хати оби нӯшокӣ кашида, муассисаҳои нав, марказҳои хизматрасонӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ бунёд гардиданд.








Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд






