ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкор пули мошингузар бунёд намуда, мушкили 7 ҳазор аҳолиро осон менамояд

Январь 21, 2021 08:37

ДУШАНБЕ, 21.01.2021/АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи  Шаҳристон якчанд иншооти ҷашнӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода мешаванд. Бунёди Маркази саломатии деҳаи Себзор ва сохтмони пули мошингузар дар деҳаи Ободии Ҷамоати деҳоти Бунҷикати Шаҳристон аз ҳамин ҷумлаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафар ба ноҳияи Шаҳристон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот шинос гардид. Ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки маркази саломатӣ бо фармоиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ва ҷалби соҳибкорону аҳолӣ сохта шуда, сохтмони он соли 2018 оғоз гардидааст. Лоиҳаи иншоотро  Корхонаи воҳиди давлатии   «Лоиҳакаш» дар ноҳияи Шаҳристон омода намудааст.

Раиси вилоят барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ва харидории таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба роҳбарони ноҳия супориш дод.

Дар ноҳияи Шаҳристон бо ташаббуси аҳолӣ ва соҳибкорону саховатмандон бунёди иншооти гуногуни ҷашнӣ  босуръат идома дошта, сокинони ноҳия барои бо дастовардҳои шоиста истиқбол намудани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош намуда истодаанд. Аз ҷумла, дар деҳаи Ободии Ҷамоати деҳоти Бунҷикат бо саҳми соҳибкор Анорқул Ҷӯраев пули мошингузар сохта шуда истодааст. Ҳар сол бо оғоз гардидани мавсими бориш ҳаракати нақлиёт дар ин деҳа душвор гардида, ҳатто дар баъзе ҳолатҳо бо сабаби баланд шудани сатҳи оби сой ҳаракат қатъ мегардид. Соҳибкор тасмим гирифт, ки бо мақсади осон намудани мушкилии 7 ҳазор нафар аҳолии деҳаҳои Ободӣ, Суғдиён ва атрофи он пули мошингузар бунёд созад.

Лоиҳаи пули нав аз ҷониби ҶДММ  «Проект Инвест» таҳия гардидааст. Раиси вилоят ба соҳибкори маҳаллӣ ҷиҳати иҷрои кори хайр миннатдорӣ изҳор намуда, ба роҳбарони ноҳия барои беҳсозии ҳолати роҳҳо ва таъмиру навсозии пулҳои мошингузар дастур дод.

Январь 21, 2021 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд