ҚАБИЛАИ ДУГОНИКҲО, КИ СОҲИБИ ЧЕҲРАИ ХУД ШУДАНД. Театри Хоруғ ба кӯдакон ва наврасон намоиши ҷолиберо аз рӯи пйесаи Мансур Суруш пешниҳод намуд
ДУШАНБЕ, 06.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Санъаткорони Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров ба кӯдакон ва наврасон намоиши ҷолиберо аз рӯи пйесаи Мансур Суруш «Қабилаи дугоникҳо» тақдим намуданд. Коргардон — басаҳнагузорандаи он Умед Хусравов мебошад.
Дар намоиш сухан дар бораи қабилае меравад, ки дар он одамон бо ҷодуи Деви даҳшатнок, ки онҳоро ғулом кардааст, ҳама як чеҳраро гирифтаанд, то агар бигурезанд, шинохта ва баргардонида шаванд. Аммо як чӯпони ҷавон, ки нақши ӯро Ҷобиршо Хубоншоев бозидааст, дар кӯҳҳо чашмаи муқаддаси ҳаётбахш меёбад. Пас аз шустушӯ дар оби он ҳар шахс аз қабила чеҳраи худро пайдо мекунад. Баъд одамон муттаҳид шуда, Деви асиркунандаро шикаст доданд ва аз юғи ғуломӣ раҳо ёфтанд.
Ғояи худшиносии миллӣ, муҳаббат ба сарзамини ниёгон ва рағбати абадии одамон ба озодӣ асоси намоишро ташкил медиҳанд. Воқеан, маҳз ҳамин идея аз тамоми нутқҳо ва суханрониҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун хати сурх мегузарад.
Театри Хоруғ қаблан ба эҷодиёти нависанда, драматург, рӯзноманигор ва тарҷумон, лауреати ҷоизаҳои ба номи С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ, шореҳи адабии АМИТ «Ховар» Мансур Суруш муроҷиат карда буд. Пештар дар ин театр тамошобинон намоишеро бо номи «Вирод» дида буданд, ки маънояш дар тарҷума аз забони шуғнонӣ «Бародар» аст.











Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






