Аккоси тоҷик, собиқ суратгири АМИТ «Ховар» Дидор Саъдуллоев дар озмуни ЮНЕСКО ғолиб омад

Январь 6, 2021 11:50

ДУШАНБЕ, 06.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Суратгири моҳири тоҷик, собиқ аксбардори АМИТ «Ховар» Дидор Саъдуллоев дар озмуни «Тақвими соли 2021-и ЮНЕСКО» («Календарь ЮНЕСКО 2021») иштирок намуда, ғолиб омад. Инак се акси Дидорро дар рӯйи «Тақвими соли 2021-и ЮНЕСКО» мегузоранд.

Номбурда дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «18 ноябри соли 2020 намояндагии ЮНЕСКО дар Алмато озмуни беҳтарин аксҳои мероси фарҳангӣ ва табиии Осиёи Марказиро таҳти унвони  «Тақвими соли 2021-и ЮНЕСКО» эълон карда буд. “Ман низ дар он иштирок намуда, аксҳои манзараҳои зебои Тоҷикистонро пешниҳод намудам”.

Ба гуфтаи Дидор, имрӯз аз натиҷаи озмун  ба  ӯ  хабар дода шуд. “Дар  хабарнома гуфта шудааст, ки аксҳои фиристодаи ман қабул гардидаанд ва рӯйи «Тақвими соли 2021-и ЮНЕСКО»  гузошта мешаванд”,-афзуд  Д. Саъдуллоев.

Ғолибони озмун бо  шаҳодатномаи ЮНЕСКО ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Хотиррасон мешавем, ки Дидор Саъдуллоев  соли 1981 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Мактаби миёна ва факултаи физика ва математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро   хатм кардааст. Солҳои 2014—2015 дар факултаи аккосии Донишгоҳи давлатии тарроҳӣ ва текноложии Маскав таҳсил карда ва ихтисоси аккос/хабарнигорро  соҳиб шудааст. Дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон  «Ховар», ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва бархе нашрияҳои маҳаллӣ дар Россия ба сифати аккос кор кардааст. Аз соли 2014 то ҳоло дар Бошқирдистон ва шаҳрҳои Маскав, Алмаато ва Душанбе чанд намоиши аксҳояш баргузор шудааст. Ахиран дар Қазоқистон барандаи ҷоизаи озмуни минтақаии Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) дар мавзӯи муҳоҷират шудааст.

Аз 29 декабри соли 2017 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Январь 6, 2021 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад