Ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати таъмини аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ вусъат меёбад
ДУШАНБЕ, 29.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ вохӯрии виртуалии Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Ҷамшед Табарзода бо намояндагони USAID доир ба амалинамоии «Лоиҳаи USAID оид ба дастгирии таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот» баргузор шуд.
Лоиҳаи USAID оид ба дастгирии таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот панҷсола буда, татбиқи он аз моҳи октябри соли 2020 то моҳи сентябри соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳа тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ карда мешавад. Лоиҳа дар якчанд манотиқи деҳоте, ки зичии аҳолӣ ба назар мерасад ва аз дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ азият мекашанд, амалӣ карда мешавад.
Директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъкид намуд, ки ба воситаи амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳои кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем ва корро дар самти таъмини аҳолии деҳот вусъат мебахшем.
Ёдовар мешавем. ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти қабули қонунгузории дахлдор ҷиҳати баланд бардоштани сифат ва дастрасии молу хизматрасониҳои ҷамъиятӣ дар деҳот ва алалхусус ҳалли масъалаи таъмини оби нӯшокӣ пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад.








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






