Ҳамлу нақли мусофирон тавассути ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар соли 2020 то 60% коҳиш ёфт

Январь 19, 2021 13:22

ДУШАНБЕ, 19.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 дар пасманзари пандемияи коронавирус ҳамлу нақли мусофирон тавассути нақлиёти ҳавоӣ то 60% коҳиш ёфт. Дар ин бора коршиносони Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) изҳор доштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ.

Соли 2020 1,8 миллиард одамон парвоз кардаанд, ҳол он ки соли 2019 теъдоди онҳо 4,5 миллиардро ташкил дода буд. Тибқи маълумоти коршиносони ИКАО, шумораи мусофирони ҳавоӣ дар дохили кишварҳо соли 2020 50% кам шудааст ва ин дар ҳолест, ки ҳамлу нақли мусофирони байналмилалӣ — 74% коҳиш ёфтааст.

Коршиносон зикр мекунанд, ки коҳиши талабот ба парвози ҳавоӣ ҳанӯз моҳи январи соли 2020 оғоз шуда буд, аммо ин танҳо дар чанд кишвар мушоҳида мешуд. Тадриҷан рӯйхати давлатҳое, ки барои вуруд маҳдудият ҷорӣ мекарданд васеъ шуд ва моҳи март ҳаракати мусофирони ҳавоӣ тақрибан қатъ гардид. То моҳи апрел шумораи умумии мусофирони ҳавоӣ дар муқоиса бо сатҳи 2019 то 92% коҳиш ёфт.

ИКАО инчунин дар бораи талафоти ҳангуфти молиявии ширкатҳои  ҳавопаймоӣ гузориш додааст: соли 2020 ширкатҳои ҳавопаймоӣ 370 миллиард доллар фоидаро аз даст доданд. Фурудгоҳҳои байналмилалӣ тақрибан ба маблағи 115 миллиард доллар ва хадамоти аэронавигатсия — 13 миллиард доллар зарар диданд.

Мутобиқи тахмини коршиносон, агарчи  рӯйдодҳо муваффақона рушд кунанд ҳам, то моҳи июни соли 2021 интиқоли мусофирон ҳанӯз ҳам аз сатҳи соли 2019 қариб 30% ва дар ҳолати рушди ғайри муваффақонаи вазъият  — 51% камтар хоҳад буд.

Қаблан Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш аз кишварҳо даъват карда буд, ки барои дастгирии ҳавопаймоии шаҳрвандӣ дар шароити пандемия тадбирҳои фаврӣ андешанд ва дар айни ҳол масъалаҳои тағйирёбии иқлимро низ фаромӯш накунанд.

АКС аз бойгонӣ

Январь 19, 2021 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст