Андозсупорандагони беҳтарини соли 2020 муайян гардиданд

Январь 21, 2021 11:02

ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯи натиҷаи фаъолият дар соли 2020  Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Шивер Тоҷикистон» (шаҳри Душанбе), Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи аввалини миллӣ» (шаҳри Душанбе), Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КМ Муосир» (ноҳияи Данғара) андозсупорандагони беҳтарини соли 2020 ҳисобида шуданд.

Ин матлаб 20 январ дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласа оид ба эълон намудани «Андозсупорандаи беҳтарини соли 2020», роҳандозӣ намудани Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар мақомоти андоз ва ҳамкорӣ дар ин самт бо вазорату идораҳо баён гардид.

Тавре аз Кумитаи мазкур ба АМИТ  «Ховар» хабар доданд,  Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Финка» (шаҳри Душанбе), Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» (шаҳри Душанбе), Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кока-кола нӯшокиҳои Тоҷикистон» (шаҳри Душанбе), Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восток» (шаҳри Душанбе), Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нури тиб» (ноҳияи Рӯдакӣ) бо Ифтихорномаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

Дар ҷаласа бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, намояндагони вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, Хадамоти гумрук, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» масъалаҳои роҳандозӣ намудани Консепсияи иқтисоди рақамӣ, аз ҷумла рақамикунонии фаъолияти мақомоти андоз ва ҳамкорӣ дар ин самт бо вазорату идораҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зикр шуд, ки имрӯзҳо Кумитаи андоз бо мақсади сарфа намудани вақти андозсупорандагон ва содаву осон намудани иҷрои уҳдадориҳои андоз 56 номгӯй хизматрасониҳои электронӣ ба роҳ мондааст. Ҳамзамон бо мақсади татбиқи Консепсияи иқтисоди рақамӣ аз ҷониби Кумитаи андоз бо якчанд вазорату идораҳо, кумитаҳо ва мақомоти давлатӣ табодули маълумот тариқи электронӣ ба роҳ монда шудааст. Тартиби мазкур имкон медиҳад, ки тавассути модули рақамӣ маълумот байни мақомоти давлатӣ ба таври фаврӣ дар шакли муайян қабул ва коркард шавад.

Иштирокчиёни ҷаласа изҳор намуданд, ки ҷиҳати татбиқи амалии Консепсияи иқтисоди рақамӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои ҳукумати электронӣ ба ҳамкорӣ дар ин самт тақвият мебахшанд.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нишондиҳандаҳо оид ба риояи қонунгузории андоз, аз ҷумла мунтазам дуруст тартиб дода, дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод намудани эъломияҳои андоз, сари вақт ва пурра таъмин намудани пардохти маблағи андоз, ҳиссаи андозҳои ҳисоб ва пардохташуда дар ҳаҷми даромади умумии андозсупоранда, шумора ва таносуби зиёдшавии кормандони кироя ва фонди музди меҳнат дар соҳаи фаъолият, нисбат ба соли қаблӣ зиёд намудани ҳаҷми маблағи андозҳои ҳисоб ва пардохтшуда, роҳ надодан ба қонунвайронкунии андоз ва дар маҷмӯъ, нишон додани фарҳанги нисбатан баланди андозсупорӣ ҳамасола андозсупорандаи беҳтаринро интихоб менамояд.

Январь 21, 2021 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем