Ҳангоми ворид шудан ба масҷид намозгузорон бояд кадом қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд?

Январь 24, 2021 10:35

ДУШАНБЕ, 24.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан хабар дода будем, бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2021 дар қаламрави мамлакат баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода мешавад.

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба вазъи воқеии имрўза Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази исломӣ якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор намудааст, ки вобаста ба амалӣ шудани қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, дар иттиҳодияҳои динӣ ва масҷидҳо риояи қатъии қоидаҳои гигенаи шахсию ҷамъиятиро ҳангоми баргузории ибодати дастаҷамъона таъмин намоянд.

Ҳамчунин Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки бо вуҷуди тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятиро қатъиян риоя намуда, ҳангоми ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла дар масҷидҳо, махсусан дар намозҳои ҷумъа ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд.

Дар робита ба ин мавзӯъ сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки «албатта, ақоиди динӣ ва рукнҳои намозгузорӣ тартиби муайяни худро доранд. Вақте ки даъват ба намоз мешавад, бояд намозгузор, пеш аз ҳама, дар такопӯ нашуда, навбати ворид шудан ба масҷидро риоя намояд. Барои мисол, агар намози пешин соати 13:00  бошад, хуб мешуд намозгузорон ним соат пеш тибқи навбат дохили масҷид   шаванд.  Албатта, мақсад ба саросемагӣ роҳ надодан ва  пешгирӣ аз издиҳоми одамон мебошад. Ман ҳамчун мутахассиси соҳаи тиб чунин мешуморам, ки новобаста ба он ки дар масҷидҳо ҷойнамози умумӣ мавҷуд аст, хуб мешуд ҳар нафар ҷойнамози алоҳидаи худро дошта бошад. Зеро ин амал ба таъмини қоидаҳои гигиениву беҳдоштии ҳар нафар равона шудааст».

Мавсуф мегӯяд, ки вақти намоз гузоштан шояд ҳолатҳое шаванд, ки ниқоб аз рӯй канда шавад ва ҳамон зарраҳои хурде, ки тавассути болооби даҳон ё ин ки бо нафаси мо ба  ҷойнамоз меафтанд, эҳтимол  сабаби сироят ёфтани нафари дигар шаванд.

-Мардуми тоҷик бомаърифатанд ва бисёр анъанаи хуби саломкунӣ доранд, — гуфт Наврӯз Ҷаъфаров ва илова намуд, — вақте шаҳрвандон вориди масҷид мешаванд ва ё аз дохил берун мебароянд, хуб мешуд бо даст салом накунанд, балки дастро болои сина гузошта, бо ишораи сар салом намоянд. Албатта, ин ҳам то як вақти муайян. Дар ин баробар ҳангоми намоз гузоштан аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд. Бояд ҳар масҷид системаи ҳавотозакунӣ дошта бошад, ки гардиши ҳаво таъмин карда шавад. Зеро дар маконе, ки ҳаво иваз мешавад, эҳтимоли хуруҷи бемориҳои вирусӣ кам мегардад.

Ёдовар мешавем, ки агентии иттилоотии Россия «Sputnik» чанде пеш иттилоъ дод, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бар зидди коронавируси нав пешсаф аст.

Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд рӯзи охир иттилоъ медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Январь 24, 2021 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст