Ба китобхонаи қисми низомии Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ китобҳои Пешвои миллат тақдим гардиданд
ДУШАНБЕ, 15.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 январ дар қисми ҳарбии Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бо иштироки аҳли зиё маҳфили судманд доир гардида, ба китобхонаи қисми низомии мазкур китобҳои Пешвои миллат тақдим гардиданд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Дар маҳфил раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, раиси Шӯрои кумитаи куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода ва роҳбарони қӯшунҳои дохилии вазорат иштирок намуданд.
Нахуст меҳмонон аз ҳудуди қисми ҳарбӣ, бунгоҳи тиббӣ, ошхонаи сарбозон, анбори озуқаву сабзавот, ҳаммому сартарошхона ва хобгоҳи сарбозон дидан намуданд.
Зимни суҳбату вохӯрӣ бо афсарону сарбозон аҳли зиё вобаста ба ватандӯстиву ҳувияти миллӣ, муҳаббат ба Модар-Ватан, гиромидошти арзишҳои миллӣ, аз қабили Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ сухан гуфта, рӯҳияи сарбозонро баланд бардоштанд.
Ҳамзамон сарбозон бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан муҳаббату садоқати хешро ба миллату давлат нишон доданд.








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид






