Ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ «Куллиёт»-и нави Садриддин Айнӣ дар 22 ҷилд ба чоп мерасад

Январь 29, 2021 13:48

ДУШАНБЕ, 29.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Куллиёт»-и асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар 22 ҷилд таҳия ва ба чоп мерасад.

Тавре аз Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, 10 ҷилди осор алаккай барои чоп ба нашриёт супурда шудааст. Ҷилдҳои боқимондаи он низ рӯзҳои наздик барои чоп ирсол мегарданд.

Ёдовар мешавем, баъд аз вафоти устод, соли 1928 бо Қарори Ҳукумати  Тоҷикистон  бояд  дар 15 ҷилд нашр мегардид. То  ин  замон  13 ҷилди он  ба нашр расидааст.

Ба «Куллиёт»-и нав бахшҳое, ки ба тақозои сиёсати давр дар китоби пештара ворид нашуда буданд, илова гардида, ду ҷилди охири он осори ба забони ӯзбекӣ таҳияшудаи нависандаро дар бар мегирад.

Тавре ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ  Абдухолиқи Набавӣ  иброз намуд, «таълифоти устод Айнӣ осори асили адабӣ мебошанд. Як хусусияти асари бадеӣ ин аст, ки ба мардум муассир меафтад. Дуюм, кулли осори Айнӣ ба зиндагии мардуми тоҷик, гузашта ва имрӯзи он, таърихи муборизаҳои вай барои озодӣ, тавсифу тасвири фарзандони шуҳратёр ва қаҳрамони он, ки забону адабиёт, фарҳангу маънавиёти онро бунёд гузоштаанд, бахшида шудаанд. Бинобар ин онҳо аҳамияти бузурги тарбиявӣ, ахлоқӣ ва зебоиписандӣ дошта, ҷузъи мондагори осори маънавии мардуми тоҷик дар даврони нав ба шумор мераванд. Ҷаззобияти ин осор низ вобаста ба омилҳои мазкур аст.Осору рӯзгори устод Айнӣ мондагор аст».

«Дар бораи Айнӣ гапҳои ногуфта ҳанўз зиёданд. Устод як доритулмаориф ва асару эҷодиёташон донишномаест, ки дар он оид ба ҳар соҳаву ҳар масъала мавод ёфтан мумкин аст. Устод Айнӣ ба сифати классики адабиёти муосиранд, нафареанд, ки дар ҳар давру замон осорашон ба маънои дигар зоҳир мегардад. Маънии навиштаҳояшонро агар дар гузашта дигаргуна дарк карда бошем, ҳоло он ба таври нав ҷилвагар мешавад. Осори Айнӣ мисли тилло ва дуррест, ки ҳар бор ҷилои тоза медиҳад. Ҳар бор осорашон, фаъолияти корӣ ва мақолае, ки ба нависандае навиштаанд, маънои дигар медиҳад»,-афзуд номбурда.

Январь 29, 2021 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст