Ба сокинони ноҳияи Шоҳмансур иҷрои талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида шуд

Январь 23, 2021 09:03

ДУШАНБЕ, 23.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71-и ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сокинони маҳаллаҳои Ховарон, Зебуниссо, минтақаи 13, 14 ва 15  вохӯрии судманд гузаронида шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Баргузор намудани вохӯриҳо дар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати пурзӯр намудани пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа, рафъи омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, инчунин ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фурӯш ва муомилоти маводи мухаддир ва иҷрои талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона гардидааст.

Зимни мулоқот муовини якуми Раиси ноҳия, намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзиму анъана ва ҷашну маросими миллӣ ва дигар сохторҳои марбута сухан гуфтанд.

Январь 23, 2021 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад