«Барномаи дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» муаррифӣ гардид

Январь 6, 2021 10:31

ДУШАНБЕ, 06.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе «Барномаи дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» муаррифӣ гардид.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  «Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои субъектҳои соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ дар доираи Гурӯҳи кории байниидоравии назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таҳия гардидааст.

Барнома бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати роҳандозии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат бо роҳи таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи воқеии некӯаҳволии аҳолии мамлакат  дар асоси муқаррароти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия шудааст. Ҳамзамон дар барнома натиҷаҳои татбиқи «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», камбудиҳо ва сабақҳои андӯхта, таклифу пешниҳодҳо ва тадқиқоти аз ҷониби мақомоти давлатӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд гузаронидашуда, натиҷаҳои пурсишҳои соҳибкорон ва ассотсиатсияҳои соҳибкории ҷумҳурӣ ва таҷрибаи дигар давлатҳо истифода шудаанд.

Таъмини шароити мусоид барои рушди соҳибкории хусусӣ, рақобатпазирӣ ва фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи асосии барнома буда, барои расидан ба ҳадафи мазкур якчанд вазифаҳои зарурӣ, аз ҷумла такмили конунгузорӣ ва низоми ҳимояи давлатии манфиатҳои қонунии соҳибкорӣ, бартараф намудани монеаҳои маъмурии зиёдатӣ дар рушди фаъолияти бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ ва баланд бардоштани қобилият ва малакаи касбии соҳибкорон амалӣ карда мешавад.

Инчунин ислоҳоти институтсионалӣ барои беҳсозии фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ташкил ва рушди механизмҳои самаранок ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳо ба бахши воқеии иқтисодиёт ва инфрасохтор, бунёди инфрасохтори муосир барои дастгирии бахши хусусӣ аз самтҳои асосии барнома маҳсуб мешавад.

Январь 6, 2021 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид