Блинкен дар вазифаи котиби давлатии ИМА тасдиқ шуд

Январь 28, 2021 13:50

ДУШАНБЕ, 28.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сенати Конгресси ИМА рӯзи сешанбе, 26 январ номзади пешниҳоднамудаи президент Ҷозеф Байден — Энтони Блинкенро дар мақоми раҳбари департаменти давлатӣ тасдиқ кард. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, ҷараёни овоздиҳӣ аз тариқи сомонаи палатаи болоии мақомоти қонунгузории Амрико пахш гардид.

78 сенатор ба тарафдории номзад ва 22 қонунгузор зидди ӯ овоз доданд. Дар ояндаи наздик Блинкени 58-сола савганд ёд хоҳад кард.

Ҷузъиёти шарҳи ҳоли ӯ:

Блинкен 16 апрели соли 1962 дар Ню-Йорк дар оилаи яҳудӣ таваллуд шудааст. Гузаштагони падарии ӯ аз Россия ба Иёлоти Муттаҳида муҳоҷират кардаанд.

Дар маъмурияти Президенти 42-юми ИМА Билл Клинтон, Блинкен дар дастгоҳи Шӯрои амнияти миллӣ, ёрдамчии махсуси президент оид ба масоили сиёсати хориҷӣ, директори калон оид ба корҳои Аврупо ва баъдан — оид ба банақшагирии стратегӣ кор кардааст. Дар солҳои 2002-2008 котиби давлатии оянда дастгоҳи фраксияи демократии Кумитаи сенат оид ба корҳои хориҷиро роҳбарӣ мекард. Дар ин давра, раиси кумита сарвари кунунии давлат буд, Барак Обама низ ба он шомил буд, ки баъдан президенти 44-уми Иёлоти Муттаҳида интихоб шуд.

Вақте ки Барак Обама соли 2009 раҳбари Амрико шуд ва Байден вазифаи ноиби президентро ба уҳда гирифт, Блинкен аввал ба вазифаи ёвари ноиби президент оид ба амнияти миллӣ таъйин шуд. Аммо соли 2013 вай муовини ёрдамчии сарвари давлат оид ба амнияти миллӣ гардид. Он замон Байден дар бораи ӯ чунин гуфта буд: “Блинкен ҳар кореро карда метавонад. Тони Блинкен — ситораи фавқулода аст ва ин муболиға нест. Президент инро пас аз чор соли кор бо ман эътироф кард ва ӯро аз ман рабуд». Аз соли 2015 то 2017 Блинкен муовини котиби давлатии он замон — котиби давлатӣ Ҷон Керрӣ буд. Давоми маъракаи интихоботи президентии соли 2020, Блинкен дар ситоди интихоботии Байден мушовири ӯ оид ба масъалаҳои байналмилалӣ буд.

          ДАР АКС: Энтони Блинкен. АКСИ: © EPA-EFE/SHAWN THEW

Январь 28, 2021 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд