BRICMATH-2020: Толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ғолиби озмуни мазкур шуданд
ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони 4-умин Олимпиадаи байналмиллалии BRICMATH-2020 аз фанни математика, ки аз ҷониби кишварҳои узви паймони БРИКС (Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) ташкил шуда буд, эълон гардиданд. Дар қатори беш аз 2 миллион иштирокчӣ аз 7 кишвари олам 22 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд низ дар олимпиадаи мазкур аз фанни дақиқ бо забони англисӣ тариқи фосилавӣ (онлайн) иштирок намуданд. Аз онҳо 15 нафар мақоми аввал ва ғолибиятро дар озмуни мазкур ба даст оварда, бо Диплом ва медалҳо сазовор гардиданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Неъматова, дар натиҷаи ҷамъбасти озмуни сатҳи чаҳонӣ хонандагони литсей — Сарвар Ибрагимов, Меҳрвар Раҳимов, Раҳимҷон Ибрагимов, Абдухолиқ Тоҷибоев, Назокат Акрамӣ, Анушервон Каримов, Мирзоибодулло Абдуқодиров, Меъроҷ Собирзода, Абубакр Раҳимов, Наврӯзшоҳ Раҷабов, Абубакр Орипов, Баҳодур Шукуров, Самад Аҳмадов бо гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ шарафи Тоҷикистонро дар ин озмун ҳимоя намуданд.
Олимпиадаи ҷаҳонии BRICMATH-2020 аз фанни математика аз ҷониби кишварҳои узви паймони БРИКС ташкил карда шуда, дар он хонандагони синфҳои 1-11 аз кишварҳои гуногуни олам иштирок мекунанд. Имсол соли 4-ум аст, ки олимпиадаи мазкур доир шуда, бинобар пандемияи коронавирус тариқи фосилавӣ сурат гирифт.
Ҳадафи асосии озмун- ин ҷалби кӯдакон ба фанҳои дақиқ, аз ҷумла риёзӣ ва рушди тафаккури мантиқии хонандагон мебошад.
Дар соли хониши 2020-2021 толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ дар кишварҳои Таиланд, Туркия (Анталия), Федератсияи Россия (Москва) иштирок намуда, 39 медал ба даст оварданд. Аз он 22 медал тилло, 8 медал нуқра ва 9 медал биринҷӣ буда, ин натиҷа дастоварди беназири мактабиён ба ҳисоб меравад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
Китоби «Китобномаи шарҳиҳолӣ»-и Сипеҳр Ҳасанзод рӯнамоӣ гардид
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Намояндаи Ҳизби Коммунистии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос шуд
Узви Раёсати Ҳизби «Ени Озарбойҷон» дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни қадимаи тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Каманди зулф»-и Зулфия Атоӣ рӯнамоӣ гардид
РОБИАИ БАЛХӢ – НАХУСТБОНУИ СОҲИБДЕВОНИ АДАБИЁТИ ТОҶИКУ ФОРС. Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали 4-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак иштирок намуданд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиён, Рӯдакӣ, Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мешаванд






