BRICMATH-2020: Толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ғолиби озмуни мазкур шуданд

Январь 21, 2021 08:21

ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони 4-умин Олимпиадаи байналмиллалии BRICMATH-2020 аз фанни математика, ки аз ҷониби кишварҳои узви паймони БРИКС (Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) ташкил  шуда буд, эълон гардиданд. Дар қатори беш аз 2 миллион иштирокчӣ аз 7 кишвари олам 22 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд низ дар олимпиадаи мазкур аз фанни дақиқ бо забони англисӣ тариқи фосилавӣ (онлайн) иштирок намуданд. Аз онҳо 15 нафар мақоми аввал ва ғолибиятро дар озмуни мазкур ба даст оварда, бо Диплом ва медалҳо сазовор гардиданд. Дар ин бора  аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Неъматова,  дар натиҷаи ҷамъбасти озмуни сатҳи чаҳонӣ хонандагони литсей — Сарвар Ибрагимов, Меҳрвар Раҳимов, Раҳимҷон Ибрагимов, Абдухолиқ Тоҷибоев, Назокат Акрамӣ, Анушервон Каримов, Мирзоибодулло Абдуқодиров, Меъроҷ Собирзода, Абубакр Раҳимов, Наврӯзшоҳ Раҷабов, Абубакр Орипов,  Баҳодур Шукуров, Самад Аҳмадов бо гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ шарафи Тоҷикистонро дар ин озмун ҳимоя намуданд.

Олимпиадаи ҷаҳонии  BRICMATH-2020 аз фанни математика аз ҷониби кишварҳои узви паймони БРИКС ташкил карда шуда, дар он хонандагони синфҳои 1-11 аз кишварҳои гуногуни олам иштирок мекунанд. Имсол соли 4-ум аст, ки олимпиадаи мазкур доир шуда, бинобар пандемияи коронавирус тариқи фосилавӣ сурат гирифт.

Ҳадафи асосии озмун- ин ҷалби кӯдакон ба фанҳои дақиқ, аз ҷумла риёзӣ ва рушди тафаккури мантиқии хонандагон мебошад.

Дар соли хониши 2020-2021 толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ дар кишварҳои Таиланд, Туркия (Анталия), Федератсияи Россия (Москва) иштирок намуда, 39 медал ба даст оварданд. Аз он 22 медал тилло, 8 медал нуқра ва 9 медал биринҷӣ буда, ин натиҷа дастоварди беназири мактабиён ба ҳисоб меравад.

Январь 21, 2021 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид