Дар Ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон машварати омӯзишии кишоварзӣ доир гардид

Январь 20, 2021 10:16

ЁВОН, 20.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагии деҳқонии “Алӣ Саид”-и  Ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон машварати омӯзишӣ оид ба кишти картошка баргузор гардид. Зимни баргузории машварат ва дар ҳузури кишоварзону масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар майдони 7 гектар замини хоҷагии деҳқонии “Алӣ Саид” бо риояи ҳама талаботи агротехникӣ тухмии картошкаи хушсифат кишт гардид. Албатта, деҳқонон аз ҷараёни кишти картошка барои худ таҷрибаи нав  гирифтанд.

Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд.

Деҳоти Норин макони кишти ҳама гуна зироати кишоварзӣ буда, ҳамасола дар таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ёвон ҳиссаи арзанда мегузорад. Кишоварзони ин ҷамоат  имсол ҳадаф доранд, ки дар майдони 45 гектар картошка кишт намоянд.

Хоҷагии деҳқонии “Алӣ Саид” ҳамагӣ 10 гектар замин дошта,  дар 3 гектари боқимондаи он ғалладонагӣ ва сабзавот кишт мекунанд.

Машварати омӯзишӣ бо иштироки раиси ноҳия Ҷамшед Саидзода, ҳайати кормандони раёсати кишоварзӣ, кумитаи идораи замин, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар мутахассисони соҳа  доир гардид.

Кишоварзони соҳибтаҷрибаи ноҳияи Ёвон аз боду ҳавои мусоид истифода бурда, имрӯзҳо шудгори замин ва кишти картошкаро бомаром идома дода истодаанд.

Январь 20, 2021 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад