Дар Ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон машварати омӯзишии кишоварзӣ доир гардид
ЁВОН, 20.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагии деҳқонии “Алӣ Саид”-и Ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон машварати омӯзишӣ оид ба кишти картошка баргузор гардид. Зимни баргузории машварат ва дар ҳузури кишоварзону масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар майдони 7 гектар замини хоҷагии деҳқонии “Алӣ Саид” бо риояи ҳама талаботи агротехникӣ тухмии картошкаи хушсифат кишт гардид. Албатта, деҳқонон аз ҷараёни кишти картошка барои худ таҷрибаи нав гирифтанд.
Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд.
Деҳоти Норин макони кишти ҳама гуна зироати кишоварзӣ буда, ҳамасола дар таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ёвон ҳиссаи арзанда мегузорад. Кишоварзони ин ҷамоат имсол ҳадаф доранд, ки дар майдони 45 гектар картошка кишт намоянд.
Хоҷагии деҳқонии “Алӣ Саид” ҳамагӣ 10 гектар замин дошта, дар 3 гектари боқимондаи он ғалладонагӣ ва сабзавот кишт мекунанд.
Машварати омӯзишӣ бо иштироки раиси ноҳия Ҷамшед Саидзода, ҳайати кормандони раёсати кишоварзӣ, кумитаи идораи замин, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар мутахассисони соҳа доир гардид.
Кишоварзони соҳибтаҷрибаи ноҳияи Ёвон аз боду ҳавои мусоид истифода бурда, имрӯзҳо шудгори замин ва кишти картошкаро бомаром идома дода истодаанд.








Дар шаҳри Боку Форуми соҳибкории Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуд
РАҚАМИКУНОНИИ ҲАМЛУ НАҚЛ. Тоҷикистон ва Қирғизистон нахустин маротиба низоми байналмилалии eTIR-ро озмуданд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардид
Вазорати молия натиҷаҳои таҳқиқоти «Буҷети кушода»-и соли 2025-ро муаррифӣ намуд
Дар Боку ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуд
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро барои рушди энергетикаи «сабз» густариш медиҳанд
Дар Боку ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон баррасӣ гардид
Бахшида ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон мактаби технологияҳои рақамӣ бо тарҳ ва усулҳои муосир таъсис дода мешавад
Нақшаи истеҳсоли пилла дар шаҳри Левакант пурра иҷро гардид
Тоҷикистон ҳамкориро бо БАТР дар бахши энергетика тақвият медиҳад
Ноҳияи Данғара нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд






