Дар ҳашари умумишаҳрӣ дар Истаравшан 7,6 тонна партов берун бароварда шуд

Январь 21, 2021 10:34

ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори  ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони шаҳри бостонии Истаравшан бо истифода аз боду ҳавои мусоиди моҳи январ ба ҳашари  умумишаҳрӣ баромаданд.

Дар натиҷа 1,3 километр ҷӯйбори обгузари ду тарафи хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Истиқлоли шаҳр, майдони марказӣ, ҳудуд ва атрофи биноҳои маъмурии корхонаҳои шафати роҳи асосӣ тоза ва рӯбучин гардида, 7,6 тонна поруву хокрӯбаҳо ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуданд.

Дар ин хусус Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Дар ҳашари умумишаҳрӣ беш аз 500 нафар кормандони корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла Коллеҷи тиббӣ, Литсейи касбии техникии №14, Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, беморхонаҳои марказию хусусӣ, кумитаи маҳаллаҳо, ҷамоати шаҳраку деҳот ва соҳибкорон иштирок карданд.

Январь 21, 2021 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд