Дар Бадахшон муждарасони Наврӯз — Садаро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 29.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ бахшида ба таҷлили ҷашни миллии Сада барномаи идона баргузор карда шуд. Дар ҷамъомади мазкур як гурӯҳ кормандони фаъоли соҳаи кишоварзии вилоят дар вазъияти тантанавӣ бо Ифтихорномаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадрдонӣ гардиданд.
Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Муовини Раиси вилоят Умедҷон Носирзода иброз намуд, ки Сада ва таҷлили он монанди дигар ҷашнҳои фарҳангиву суннатии сол порае аз маросим ва дигаргуниҳои воқеии зиндагонии инсонӣ ва табиату кайҳон мебошад. Сада, Меҳргон ва Тиргон- инҳо идҳои милливу суннатӣ дар бахши кишоварзӣ ва кишту кор мебошанд.
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, «тоҷикон яке аз миллатҳои қадимии дунё буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд. Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 – сола дорад. Ва ин далел низ мояи ифтихори мост. Мо – тоҷикон мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл ба ёдгор гузоштаи ниёгони худро бе ягон мушкилӣ мехонем, мефаҳмем, барои тарбияи наслҳои навраси халқамон истифода мебарем ва ба мардуми олам муаррифӣ мекунем».










Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид






