Дар Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ машғулияти амалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 29.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 январ дар Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои муқаррароти банди 20 Нақшаи кори Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шашмоҳаи якуми соли 2021 бо иштироки роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ машғулияти амалӣ баргузор гардид.
Тавре аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз баргузор намудани машғулият муаррифӣ ва тавзеҳи муқаррароти қоидаҳои пешбурди сомонаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби ҷойгир ва нав кардани маводи иттилоотӣ, ки бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2020 тасдиқ шудааст, ба ҳисоб меравад.
Мафҳум ва муқаррароти асосии қоидаҳои мазкурро ба иштирокчиён ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ Наврӯз Қурбонзода тариқи слайдҳо шарҳ дод.
Дар ҷараёни машғулияти амалӣ вобаста ба роҳҳои татбиқи дурусти қоидаҳо миёни иштирокдорони машғулият муҳокима сурат гирифта, тавсияҳои судманд пешниҳод карда шуданд.










Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






