Дар Душанбе қарордоди марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби «Истиқлол» ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе қарордоди анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби «Истиқлол» байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Фароб»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расид, иттилоъ медиҳад Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Санади мазкурро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси Ширкати «Фароб»-и Ҷумҳурии исломии Эрон Алӣ Вакилӣ имзо намуданд.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим оид ба ҳамкории дуҷониба ва самарабахши Тоҷикистон ва Эрон сухан намуда, гуфт, ки татбиқи лоиҳа, анҷоми саривақтӣ ва хушсифати кор дар он давоми мантиқии ҳамкории судбахши Тоҷикистону Эрон хоҳад буд.
Дар маросими имзои қарордод инчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ, муовини Раиси ширкати «Тавсеаи манобеи об ва неруи Эрон» Беҳрузи Муродӣ, Раиси ширкати «Фароб» Алӣ Вакилӣ аз ҳамкории давлатҳои дӯсту бародар ибрози назар намуданд
Дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби «Истиқлол» корҳои равшанидиҳӣ, ҳавокашӣ, оташнишонӣ, насби дурбинҳои назоратӣ, ки барои таъмини бехатарии ҳаракати мошинҳо дар дохили нақб муҳиманд, иҷро хоҳанд шуд.








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд






