Дар Душанбе фаъолияти 20-солаи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон натиҷагирӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз таъсиси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол сипарӣ шуд. Бахшида ба ин санаи муҳим роҳбарони Хадамоти мазкур зимни баргузории ҷамъомад таъсиси ниҳод ва фаъолияти 20- солаашонро натиҷагирӣ намуданд. Дар ин бора аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдумаҷид Муминзод иброз намуд, ки таъсиси мақомоти давлатии зиддииинҳисорӣ ба давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Маҳз дар ин давра 11 январи соли 2001 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ-Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Аз соли 2006 то соли 2010 он ҳамчун воҳиди сохтории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамуд.
Зикр гардид, ки 3 майи соли 2010 мутобиқи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2010 «Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар шакли мақомоти мустақил- Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Барои пешбурди фаъолияти ин ниҳоди навтаъсис, ки он замон заминаи қонунгузорӣ ва таҷрибаи соҳавӣ вуҷуд надошт, мутахассисони варзида ҷалб карда шуданд. Новобаста аз навтаъсисӣ маҳз аз ҷониби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ аввалин маротиба бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ки яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ – иқтисодии кишвар мебошад, бо роҳи таъмини ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи воқеии некуаҳволии аҳолӣ «Консепсияи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015» таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон тасдиқ карда шуд.
Ҳамзамон мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ барои гузаронидани ислоҳоти марҳила ба марҳилаи мусоидат ба рушд ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорон, шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ тақвияти хамкорӣ бо бахши хусусӣ саҳмгузор мебошад. Дар баробари ин, дар як муддати кӯтоҳ маҷмӯаи қонунгузории зиддиинҳисорӣ: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» таҳия ва кабул карда шуданд, ки дар ҷумҳурӣ самтҳои афзалиятноки муносибатҳои иктисодию иҷтимоиро ба танзим медароранд. Аввалин маротиба аз ҷониби мақомот дар заминаи ислоҳоти дастгирии давлатии соҳибкорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» таҳия карда шуд, ки 28 июли соли 2006 ба тасвиб расонида шуд.
Имрӯзҳо дар пайгирии сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми пешбарандаи сиёсати давлатии зиддиинҳисорӣ фаъолият менамояд. Мақомоти зиддиинҳисорӣ дар соҳаи иқтисодии мамлакат ниҳоди нави ҳамқадами соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, дар роҳи ташаккули худ миёни сохторҳои иқтисодӣ, таъсиррасонӣ ба бозори мол, рушди муносибатҳои бозаргонӣ, дифоъ аз рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолгарон қадамҳои устувор мегузорад.








Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст






