Дар Душанбе Форуми VIII анҷуманҳои дӯстӣ бахшида ба 75-солагии Созмони Милали Муттаҳид, 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 95-солагии Россотрудничество доир шуд
ДУШАНБЕ, 09.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (минбаъд ҶДРФТ) якҷоя бо Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон ва дастгирии Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 75-солагии Созмони Милали Муттаҳид, 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 95-солагии Россотрудничество Форуми VIII анҷуманҳои дӯстӣ доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Файзулло Тиллоев хабар дод, дар кори Форуми мазкур намояндагони корпуси дипломатӣ, аъзои Раёсат ва фаъолони ҶДРФТ, роҳбарони ҷамъиятҳои дӯстии алоҳидаи дар назди ҶДРФТ фаъолияткунанда, роҳбарону аъзои иттиҳодияҳо ва марказҳои фарҳангии ақаллияти миллии муқими Тоҷикистон, аҳли зиё, донишҷӯёни мактабҳои олии шаҳри Душанбе ва хабарнигорон иштирок доштанд.
Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев иброз дошт, ки ташкил намудани Форуми анҷуманҳои дӯстӣ, конфронсҳои илмиву амалӣ, ки бо ташаббуси ҶДРФТ, Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Россотрудничество баргузор мешаванд, ба таҳкими дӯстӣ ва бародарии халқу миллатҳои гуногуни муқими Тоҷикистон ва берун аз он мусоидат менамоянд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов иброз дошт, ки баргузории Форуми мазкур ба ҳукми анъана даромада, барои ҷомеаи имрӯза махсусан муҳим арзёбӣ мешавад ва ба ҷавонон имкон медиҳад, ки бо таъриху фарҳанг ва тамаддуни халқу миллатҳои гуногун аз наздик шинос шаванд.
Роҳбари Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Иван Иванов ба фаъолияти ҶДРФТ таҳти роҳбарии Сайдулло Хайруллоев баҳои баланд дода, ҳамзамон таъкид кард, ки ҶДРФТ дар тақвияти ҳамкории байналмилалӣ, фароҳам овардани шароит барои дӯстии қавму миллатҳои гуногун, боз намудани роҳи муколамаи сулҳ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши арзанда дорад.
Муовини Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Мушаррафа Шарипова оид ба 75-солагии Созмони Милали Муттаҳид, 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва доир ба таърихи 95-солагии Россотрудничество маърӯза кард. Академик, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Покистон» Кароматулло Олимов, муовини раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Россия» Меҳринисо Нағзибекова, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Куба» Ҷӯра Латипов, намояндаи Маркази миллӣ-фарҳангии «Дуслик»-и тотору бошқирдҳои Тоҷикистон Таскира Мирхайдарова, муовини раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Япония» Умед Мансуров ва дигарон сухан намуданд.
Дар анҷоми Форуми VIII анҷуманҳои дӯстӣ аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов ба Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев Сипоснома тақдим гардид.
Сайдулло Хайруллоев ба роҳбари Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Иванов Иван Сергеевич, фаъолони ҶДРФТ Хамзина Римма, Пушкарёва Валентина, Хаджаева Людмила, Мансуров Умед Ифтихорномаи Раёсати ҶДРФТ-ро супорид.
Форуми VIII анҷуманҳои дӯстӣ дар рӯҳияи бародариву рафоқат ва ифтихормандӣ баргузор гардида, бори дигар инъикосгари ватани сулҳпарвари Тоҷикистон — хонаи умеди халқу миллатҳои гуногун, намоишдиҳандаи сиёсати хирадмандонаи давлати мо дар масъалаи муносибати байни халқҳову давлатҳо гардид.










Идибек Қаландар дар Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд
Мероси Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар нишасти байналмилалӣ дар Теҳрон баррасӣ гардид
Мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо рӯзномаи «Умон»
Идибек Қаландар бо муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо мулоқот намуд
Дар Теҳрон масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи нақлиёт баррасӣ гардид
Қоҳир Расулзода ҳамдардии амиқи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба давлат ва мардуми Давлати Қатар иброз намуд
Таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдори иқтисодии Тоҷикистон ва Умон баррасӣ шуд
Дар Ню-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе муаррифӣ шуданд
Дар Масқат рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Раёсати Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Олмон мулоқот намуд
Қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Вена муаррифӣ гардид






