Дар Душанбе оид ба масъалаи хизматрасонии босифати тиббӣ ба модарону кӯдакон машварати онлайнӣ доир шуд

Январь 21, 2021 16:10

ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 январ дар Душанбе бо мақсади тақвият бахшидани фаъолият дар самти хизматрасонии босифати  тиббӣ ва пешгирии фавти модарон ва кӯдакон  машварати онлайнӣ доир гардид.

Дар он муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, роҳбарон ва намояндагони таваллудхонаҳо, муассисаҳои Кумаки аввалини тиббию санитарӣ ва беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласа масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва пешгирии фавти модарон ва кӯдакон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати беҳтар намудани фаъолият дар ин самт аз ҷониби муовини вазир Зулфия Абдусаматзода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Зикр шуд, ки ҳифзи саломатии модарону кӯдакон самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин самт давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат якчанд ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ, аз қабили «Созишнома дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак» (с.1993), «Созишнома дар бораи бартараф намудани ҳамаи намудҳои зӯроварӣ нисбат ба занон» эътироф карда шудаанд.

Баҳри паст намудани беморшавӣ, фавти кӯдакон ва расидан ба ҳадафҳои  рушди устувор  дар соҳаи ҳифзи хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон масъалаҳои афзалиятноки соҳа-ин беҳтар намудани  хизматрасониҳои тиббӣ ба занҳои ҳомила, навзодон, кӯдакон, ғизои солим, иммунизатсия, солимгардонии кӯдакони маъюб ва саломатии наврасон боқӣ мемонанд.

Январь 21, 2021 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд