Дар хоҷагиҳои кишоварзии Суғд корҳои яхобмонӣ ҷараён доранд

Январь 10, 2021 11:01

ДУШАНБЕ, 10.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имсол тибқи нақша, бояд дар 210 525 гектар майдонҳои кишоварзии хоҷагиҳои вилояти Суғд корҳои шудгоркунӣ, дар 14000 гектар корҳои яхобмонӣ ва дар 1000 гектар шӯршӯӣ гузаронида шаванд. Ҳоло дар самти сари вақт омода намудани заминҳои корам ба мавсими баҳорӣ, вусъат бахшидани  ҷараёни корҳои агротехникии саҳроӣ, гузаронидани шудгори замин, яхобмонӣ ва шӯршӯӣ корҳо хуб ба роҳ монда шудаанд. 

Тавре муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Рустам Ҷалолов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, то 7 январ дар майдони кишоварзии 10 ноҳияи вилоят дар масоҳати 14 633 гектар корҳои яхобмонӣ ва 5 ноҳия дар масоҳати 1417 гектар корҳои шӯршӯӣ гузаронида шудаанд, ки ин нишондиҳанда ба 104,5 ва 141,7 фисади нақша баробар мебошад. Вусъати саривақтии иҷрои корҳо дар ин самт бештар дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Спитамен ва Ҷаббор Расулов ба назар мерасад.

Ҳамзамон то ин муддат дар миқёси 14 шаҳру ноҳияҳои кишоварзии вилоят аз майдони умумии 210 ҳазору 525 гектар дар 142 ҳазору 079 гектар шудгор гузаронида шудааст, ки ба 67,5 фоизи иҷрои дурнамо  баробар аст.   Аз ҷумла, корҳои шудгоркунӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷ.Расулов, Конибодом, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Панҷакент ва Спитамен хуб ба роҳ монда шудаанд.

Инчунин баҳри сари вақт ба иҷро расонидани корҳои агротехникии саҳроӣ 261 адад тракторҳои шудгоркунанда ҷалб гардидаанд.

                                                     АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Январь 10, 2021 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд