Дар Хоруғ Филиали маркази омодагии қаблии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон кушода мешавад

Январь 9, 2021 09:03

ДУШАНБЕ, 09.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) ба номи Абуалӣ ибни  Сино дар шаҳри Хоруғ Филиали маркази омодагии қаблии Донишгоҳи мазкур кушода мешавад.  Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатиии ВМКБ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ин масъала дар назди муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода бо ширкати намояндаи донишгоҳ, масъулини соҳаи тандурустӣ ва маорифи вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Устоди ДДТТ, номзади илмҳои биологӣ Тоҳир Ниятбеков таъсиси филиали мазкурро дар тайёр намудани довталабони соҳаи  тиб ва пешакӣ омода кардани онҳо барои дохил шудан ба донишгоҳи тиббӣ муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки бо кушода шудани он сифати қабули донишҷӯён ба донишгоҳ дар вилоят беҳтар мегардад.

Таҳсил дар марказ тӯли 8 моҳ идома ёфта, дониши андӯхта ба хонандагон ҳангоми қабул ва минбаъд дар ҷараёни таҳсил дар донишгоҳ кумак хоҳад кард.

Аз рӯи гуфти мавсуф, фаъолияти филиали мазкур дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нишон дод, ки 90 дарсади хонандагон баъди хатми он ба ДДТТ дохил мегарданд.

Муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода тасмими донишгоҳро дар самти омода кардани кадрҳои соҳаи тиб қобили қабул дониста, афзуд, ки зимни таҳсили довталабон бояд шароити иқлими баландкӯҳ ва сатҳи иҷтимоии аҳолӣ ба инобат гирифта шавад.

Ҳамчунин муовини раиси вилоят вобаста ба таҳсили довталабон аз минтақаҳои дурдасти вилоят, муқаррар намудани имтиёз ба довталабони оилаҳои ниёзманд, ташвиқу тарғиби фаъолияти филиали мазкур ва ба ин васила ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба омӯзиши пешакӣ ибрози назар намуд.

Зимни суҳбат гуфта шуд, ки айни ҳол дар Муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ду утоқи корӣ барои фаъолияти филиали мазкур ҷудо гардида, дар назар аст он соли равон ба фаъолият шурӯъ намояд.

Январь 9, 2021 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад