Дар Литсеи касбии техникии шаҳри Ҳисор бо дастгирии волидайн ду синфхонаи иловагӣ сохта шуд
ҲИСОР, 19.01.201 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсеи касбии техникии шаҳри Ҳисор” бо дастгирии волидайни хонандагон ду синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд. Ҳамзамон бинои муассисаро таъмири ҷорӣ намуда, қисми зиёди дару тирезаҳои фарсудаи онро бо дару тирезаҳои пластикӣ иваз намуданд.
Директори Литсеи касбии техникии шаҳри Ҳисор Миҷгона Раҳимӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд изҳор дошт, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳни муассисаро бетонпӯш намуда, барои зиёда аз 45 нафар хонандагон аз ноҳияҳои дурдасти мамлакат хобгоҳ омода менамоянд.
Мушкилии асосии Литсеи касбии техникии шаҳри Ҳисор- ин надоштани устохонаҳои таълимии истеҳсолӣ мебошад. Аз ин рӯ роҳбарони муассиса гуфтанд, ки дар сурати аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтани ин масъала то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ метавонанд 4 устохонаҳои таълимии истеҳсолӣ ба истифода диҳанд.
Дар муассиса 416 нафар хонандагон аз рӯйи 6 ихтисос, аз ҷумла тракторчӣ-машинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, системаи компютерӣ ва интернет-технология, кафшергари газию барқӣ, дӯзандагӣ, ронандаи мошин ва челонгар оид ба таъмири мошин таълим мегиранд.
Барои касбомӯзии сокинони шаҳр дар муассиса курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯи панҷ ихтисос амал мекунанд. Аз сабаби надоштани устохонаҳои истеҳсолӣ муассисаи мазкур бо 12 корхонаи истеҳсолии кишоварзии шаҳри Ҳисор шартнома бастааст. Ҳонандагони муассиса дарсҳои таҷрибавию истеҳсолии худро дар ин корхонаҳо гузаронида, малакаи касбиашонро зиёд менамоянд.








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






